ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Эркин Қосимов, ки гуфта мешавад, ҳафтаҳои қабл аз бемории коронавирус табобат мегирифт, 27 июл дунёро падрӯд гуфт. Расман дар мавриди иллати марги дипломати собиқадор иттилое ироа нашудааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як таъзиянома аз даргузашти дипломати собиқадор, Эркин Қосимов изҳори андуҳ кардааст.
Ба иттилои Вазорат, Қосимов дар мақомҳои гуногун аз ҷумла дар вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ, сафири Тоҷикисон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, сафир дар Австрия ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо кор кардааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ карда, барояшон сабри ҷамил хостааст. "Ҷои шодравон фирдавси барин бошад", - омадааст дар таъзияномаи Вазорати умури хориҷӣ.
Эркин Қосимов 70 сол дошта, ҳанӯз аз солҳои шӯравӣ дар сохторҳои дипломатӣ фаъолият мекардааст ва соли 2016 баъди 8 соли кор аз мақоми сафирӣ дар Британияи Кабир ба нафақа рафт.