Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Оё артиши Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон бармегардад: посухи вазир

Ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ба самти асосии ҳамкории Русия ва Тоҷикистон табдил ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Тоҷикистон барои посбонии марз бо Афғонистон ба ҷалби низомиёни Русия ниёз надорад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи мушовирони марзбонӣ кор мекунанд.
"Масъалаи бозгашти марзбонони Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ намешавад, дар Тоҷикистон як гурӯҳи мушовирони марзӣ ҳастанд ва онҳо ба таври маъмулӣ кор мекунанд", - гуфт Муҳриддин.
Вай таъкид кард, ки ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои стратегии Русия ва Тоҷикистон шудааст.
"Мо ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи СААД ҳамкорӣ дорем - аз соли 2013 ба мо дар таҳкими марз бо Афғонистон кӯмак мерасонанд", - илова кард Муҳриддин.
Ёдовар мешавем, ки бинобар муноқишаи мусаллаҳона дар Афғонистон байни ҳукумат ва аъзои ҳаракати радикалии Толибон*, Русия ва дигар кишварҳо омодагии худро барои расонидани кумак ба Тоҷикистон дар марз изҳор кардаанд.
Толибон* борҳо изҳор доштанд, ки қасди убури қаламрави дигар давлатҳоро надоранд. Аммо, бо вуҷуди ин, кишварҳо ба ҳамлаи эҳтимолии ҷангиён омода мешаванд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
ВАО: Шойгу ба Тоҷикистон меояд
Ҳамин тавр, аз 5 то 10 август Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар марз бо Афғонистон машқҳо баргузор мекунанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.