ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ҳудуди 36 дарсад аз теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба вилояти Суғд рост меояд.
Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҳисоби умумии сироятёфтагон ба шаҳри Душанбе 34 дарсад, вилояти Суғд - 36 фоиз, вилояти Хатлон - 11 фоиз, ноҳияҳои тобеи марказ - 13 фоиз ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - 6 фоиз рост меояд.
Муҳсинзода таъкид намуд, ки аз оғози соли равон то даҳаи дуюми моҳи июн дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати коронавирус сабт нашуда буд.
Ӯ афзуд, ки феълан бо ҳисоби миёна дар як шабонарӯз то 35 нафар бо натиҷаи мусбати ташхиси озмоишгоҳии коронавирус бистарӣ мешаванду то 22 нафар баъди табобат аз беморхона рухсат дода мешаванд.
То шоми 24 июли соли ҷорӣ 391 гирифтори бемории коронавирус зери назорати табибон қарор доштанд, илова намуд муовини аввали вазири тандурустӣ.
Ба гуфтаи вай, 43 дарсади сироятёбии сокинон дар шароити хона сурат гирифта, 12 дарсад дар корхонаҳо, 11 дарсад дар маъракаҳо сироят ёфтанд. Ба иттилои Муҳсинзода, дар ҷумҳурӣ аз панҷ гирифтори коронавирус, як нафараш бемориро вазнин мегузаронад, чаҳор нафари дигар коронавирусро дар шакли сабук сипарӣ мекунанд. Ӯ муътақид аст, маҳз гирифтороне, ки худро хуб эҳсос мекунанд, аз паҳнкунандаҳои асосии ин беморӣ дар кишвар мебошанд.
“Сироятёбӣ дар маъракаҳо, бозор ва нақлиёт ҳам рух медиҳад. Агар мо дастаҷамъона дар ин самт кор накунему ба мардум нафаҳмонем ин вирус ҳамин хел идома меёбад", - ҳушдор дод Муҳсинзода.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали ҳамагирии коронавирус то шоми 25 июл дар ҷумҳурӣ 14 ҳазору 592 гирифтори COVID-19 сабт шудааст, ки аз ин 14096 нафар ё худ 96,5% шифо ёфта, 117 нафар ҷон додаанд.