ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чанд табиб ба табобати коронавирус машғуланд. Дар ин бора муовини вазири тандурустии кишвар Ғафур Муҳсинзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба қавли вай, дар кишвар 12 ҳазор табиб ва ҳудуди 36 ҳазор нафар ҳамшираи шафқат ба табобати COVID-19 фаро гирифта шудаанд.
"12 ҳазор духтур ва се баробар бештар ҳамшираҳои шафқат машғули табобати коронавирусанд", - таъкид кард Муҳсинзода.
Дар ҳамин ҳол, муовини вазир афзуд, ки реҷаи кори ин табибон бисёр сангин аст: онҳо қариб 24 соат беморонро назорат мекунанд.
"Духтуроне, ки ба табобати ковид машғуланд, шабонарӯз кор мекунанд", - таъкид кард вай.
Ба қавли Муҳсинзода, феълан вазорат кӯшиш дорад, ки табобати коронавирус аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ сурат гирад.
"Феълан, панҷум нашри табобат ва пешгирии коронавирус ба табъ расид, вазир онро имзо кард. Дар он стандартҳои табобат дарҷ гардидааст. Мо кӯшиш мекунем, ки табобат чӣ дар деҳот ва чӣ дар шаҳр бо як алгоритм сурат гирад", - таъкид вай.