ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Раҳмоналӣ Шералиев, сардори Раёсати табъу нашри вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин миён расонаҳо ва матбааҳо дигарбора фаъолияти худро тамдид карда, ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
“Дар шаш моҳи соли равон фаъолияти 29 рӯзнома (18 давлатӣ, 11 хусусию ҷамъиятӣ), 38 маҷалла (29 давлатӣ, 9 хусусию ҷамъиятӣ), 18 матбаа (3 давлатӣ, 15 хусусию ҷамъиятӣ), як нашриёт ва як агентии иттилоотӣ ва ду нуқтаи фурӯши китоби хусусию ҷамъиятӣ тамдид карда шуд. Дар умум вазъ муътадил аст”, - гуфт Раҳмоналӣ Шерализода.
Тибқи иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 376 рӯзнома (112 давлатӣ ва 264 хусусию ҷамъиятӣ), 245 маҷалла (114 давлатӣ ва 131 хусусию ҷамъиятӣ), 319 матбаа (37 давлатӣ, 282 хусусию ҷамъиятӣ), 48 нуқтаи фурӯши китоб (3 давлатӣ, 45 хусусию ҷамъиятӣ), 71 нашриёт (10 давлатӣ ва 61 хусусию ҷамъиятӣ), 11 агентии иттиллоотӣ (1 давлатӣ ва 10 хусусию ҷамъиятӣ) сабти ном шудаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон 25 феврали соли 2017 як қароре “Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ” ба тасвиб расонда буд, ки бино ба он, ҳар се сол расона, матбаа ва фурӯшгоҳҳои китоб бояд фаъолияти худро дар вазорати фарҳанг дигарбора тамдид кунанд.
Ҳарчанд гуфта мешуд, бо ин қарор эҳтимоли бастани расонаҳои номатлуб барои ҳукумат пеш хоҳад омад, аммо то ба ҳол вазорати фарҳанг барои ҳеҷ як аз расонаҳо мушкил эҷод накардааст.