Ноиби вазир дар бораи зӯргӯии хешони фавтида: ӯ аз камбудии ҳар ду ҷониб гуфт

Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон мавридҳои тундии наздикони гирифторони коронавирус, аз ҷумла беморони фавтида аз ин маризиро шарҳ дода, гуфт дар ин ҷо камбудии ҳарду ҷониб аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз мавридҳои зӯргӯию тундии наздикони афроди фавтида дар нисбати табибон суол шуд.
Ғафур Муҳсинзода, ноиби вазири тандурустии Тоҷикистон, посух дод, ки талош мекунанд, ба наздикони афроди гирифтор ба коронавирус вазъро фаҳмонанд.
Муҳсинзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, мушкили асосӣ ин канда шудани робитаи бевоситаи беморон бо наздикон мебошад.

“Медонем, камбудӣ ҳаст. Хусусияти худи беморӣ чунин аст, ки бемор бояд дар инзивоъ бошад, дастрасии хешутаборон бевосита ба беморон канда мешавад”, - шарҳ дод ноиби вазир.

Ӯ афзуд, дар ин маврид камбудиҳо ҳам аз тарафи кормандони тиб ва ҳам аз тарафи хешутаборон мавҷуд аст, ки ҳар соату дақиқа аз ҳоли бемор ахборот талаб мекунанд. Ба иттилои Муҳсинзода, ба далели зиёд будани сарбории духтурон баъзан дар ин маврид мушкилот ба вуҷуд меоянд.
Шарҳи Вазорат дар бораи “латукӯбу мубталои коронавирус шудани вазир”: дар Маскав аст
Тибқи иттилои Вазорати тандурурстии Тоҷикистон, то 1 июли соли 2021 миқдори умумии табибон дар ҷумҳурӣ 20 ҳазору 221 нафар ва кормандони миёнаи тиб 58 ҳазору 614 нафарро ташкил дод. Ин ниҳод мегӯяд, шумораи табибону кормандони миёнаи тиб дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 953 ва 3030 нафар зиёд мебошад.
Таъминоти аҳолӣ бо табибон 21,7 нафар ба 10 ҳазор сокини ҷумҳурӣ ва 62,9 нафар корманди миёнаи тиб сари 10 ҳазор аҳолӣ рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад.