ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон, дар пасманзари бархе пешниҳодҳо барои роҳандозии карантин дар ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки чунин иқдом дар нақша нест.
Муҳсинзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, қарантин барои давлат як тартибу низом дорад, ки дар шароити феълии Тоҷикистон амалӣ намешавад.
Ӯ тавзеҳ дод, ки карантин аз ҳодисаҳои алоҳида, вақте 10 - 12 ҳолат дар як минтақа пайдо мешавад, амалӣ мегардад. Ноиби вазир гуфт, дар ин сурат низ чӣ қадар корҳоро анҷом додан даркор, то он ҳолатҳоро пайдо карду ба карантини инфиродӣ, оилавӣ ва ё корхонавӣ фаро гирифт.
Ғафур Муҳинзода изҳор дошт, ки дар шароити феълии Тоҷикистон ба масъулиятшиносии шаҳрвандон алайҳи ҳамагирии коронавирус такя хоҳанд кард. Ӯ ҳушдор дод, ки агар шахс дидаю дониста бо ташхиси мусбати коронавирус, вале бе аломат назди ҷомеа равад, ин ҷавобгарии калон дорад.
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки бо гуфтушуниди дутарафа, масъулиятшиносии баланд ва иштироки фаъоли мардум метавон бар ин беморӣ пирӯз шуд. Муҳсинзода муҳим хонд, ки дар марҳилаи коронавирус, тибқи сухани мутахассис, ки дақиқ бошад, бояд амал кард, на аз рӯи ҳар гуна иддаое, ки пайдо мешаванд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, 43 дарсади сироятёбии сокинон дар шароити хона, 12 дарсад дар корхонаҳо, 11 дарсад дар маъракаҳо сурат гирифтаанд.
“Сироятёбӣ дар маъракаҳо, бозор ва нақлиёт ҳам рух медиҳад. Агар мо дастаҷамъона дар ин самт кор накунему ба мардум нафаҳмонем ин вирус ҳамин хел идома меёбад", - ҳушдор дод Муҳсинзода.
Расман аз аввали ҳамагирии коронавирус то шоми 25 июл дар ҷумҳурӣ 14 ҳазору 592 гирифтори COVID-19 сабт шудааст, ки аз ин 14096 нафар ё худ 96,5% шифо ёфта, 117 нафар ҷон додаанд.