Ҳамагӣ 42-сола: Марҳабо Юсупова, корманди Донишгоҳи Хуҷанд аз коронавирус даргузашт

Юсупова, ки ҳамагӣ 42 сол дошт, фаъолияти меҳнатиашро аз донишгоҳи мазкур оғоз кард ва то охир дар ин даргоҳи илм фаъолият намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Марҳабо Юсупова, котиб - ҳуҷҷатнигори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бар асари бемории коронавирус дар синни 42 солагӣ даргузашт.
Фаридун Ҳодибоев, яке аз ҳамкорони марҳум дар таъйиди ин хабар Sputnik Тоҷикистон гуфт, Юсупова чанд рӯз дар Бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бо вируси корона дар мубориза қарор дошт. Вале субҳи имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
“Чанд соат пеш ба мо хабар доданд, ки Марҳабохон Юсупова бандагӣ кардаанд. Аз шунидани ин хабар ҳайратзада шудем. Равонашон шод бод, беҳтарин ҳамкори мо буданд ва дар ҷодаи ҳуҷҷатнигорӣ беназир буданд”, - гуфт манбаъ.
Юсупова Марҳабо Юнусовна соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Баъд аз хатми шуъбаи рӯзномагиронии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти меҳнатиашро дар шуъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳ оғоз намудааст.
Қурбонии дигари корона: Мирзо Қаюмов даргузашт - акс
Баъдан котиби Шӯрои олимони Донишгоҳ шуда ва чандин сол дар ҳамин як вазифа барои равнақи фаъолияти донишгоҳ, ташкили корҳои маъмуриву ҳуҷҷатнигорӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Юсупова дар кори ҳуҷҷатнигорӣ равнақи зиёд дошт ва иҷрои ин масъулиятро дар замони ректорон - Носирҷон Салимӣ, Низомиддин Зоҳидӣ, Ваҳҳоб Набиев, Ғафур Усмонов, Анвар Мақсудӣ ва Ҷамшед Ҷӯразода бо маром ба иҷро расонидааст.
Даргузашти Давлатзода Махсумҷон Азиз, прокурори ноҳияи Шаҳристон
Ҳамкоронаш аз Юсупова ба унвони як ҳуҷҷтанигори пурмасъул ёд карда, даргузашти ӯро як талафоти ҷуброннопазир барои Донишгоҳ арёбӣ мекунанд.
Ҷанозаи Марҳабо Юсупова соати 11: 00 имрӯз, 26 июл дар мазори маъруф ба “Гумбази қошуқ” бо иштироки ҳамкорон ва хешу пайвандонаш бо хок супурда шуд.