Дар Афғонистон мардуми осоишта барои эътироз бар зидди ишғол намудани вилоятҳои шимолӣ аз ҷониби "Толибон"* ба кӯчаҳо баромаданд.
Аксияро дар шаҳри Кобул сокинони Тахор ташкил карданд. Мардум хаймаи махсусе сохта гирду атрофи он, шиорҳо овезон кардаанд.
Ин гирдиҳаомӣ осоишта аст, аммо ҳадафҳои сокинони шимоли Афғонистон комилан қатъӣ мебошанд.
Эътирозгарон талаб доранд, ки "Толибон"* аз манотиқи ишғолкардаашон хориҷ шаванд.
Инчунин, сокинони Афғонистон ба ҳукумати худ барои сарнагун кардани "Толибон"* ва бозгардонии манотиқи ишғолкарда муроҷиат намуданд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.