ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Соҳибкори тоҷик, Мирзо Қаюмов дар синни 64 зуҳри 25 июл дунёро падрӯд гуфт. Далели даргузашташро дӯстонаш гирифторӣ ба коронавирус арзёбӣ мекунанд. Расман ин иттилоъ тасдиқ ва ё рад карда нашудааст.
Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи “СССР” бо таассуф дар саҳифаи фейсбукияш аз марги Мирзо Қаюмов бар асари коронавирус хабар додааст.
Шоира Раҳимҷон, шоири шинохтаи тоҷик ва таронанависи машҳур ҳам даргузашти Мирзо Қаюмовро фоҷиа барои ҷомеаи Тоҷикистон хондааст.
“Як инсони накуву наҷибу кадхудову инсонпарвар ва дар самимият вижа моро падруд гуфт. Ҷоят ҷаннат, дӯсти ҷавонмарги мо, равонат шод”, - навиштааст Шоира Раҳимҷон.
Бисёре аз фарҳангиёни тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ Мирзо Қаюмовро ҳамчун шахси саховатманду фарҳангдӯст тавсиф кардаанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 78 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуда, 58 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирии коронавирус то 25 июл дар Тоҷикистон 14505 нафар гирифторони COVID-19 сабт шудаанд, ки аз ин шумора то замони зикргардида 14022 нафар (96,6%) нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон вазорат дар оғози рӯзи 25 июл гуфт, давоми 24 соати гузашта, аз ин беморӣ касе нафавтидааст ва теъдоди умумии ҷонбохтагон аз ин беморӣ 116 боқӣ мондааст.