ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нахуст генерал-полковник Раҳимзода оқои Эмре Зеки Карагёлро бо таъйинаш ба мақоми сафирӣ табрик карда, ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Ба иттилои ВУД, генерали тоҷик ва сафири Туркия густариши ҳамкориҳоро дар бахши амниятӣ баррасӣ намудаанд.
"Ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва харидуфурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо инчунин хостори мубодилаи иттилооти оперативӣ шудаанд. Ҳамчунин дар мавриди таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
ВУД таъкид намудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.
Таъкид ба харидуфурӯши одамон дар ин мулоқот дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик аз ҳолатҳои ҷалби занону бонувони тоҷик ба истисмори шаҳвонӣ дар Туркия ва бархе кишварҳои арабӣ иттилоъ дода буданд.