Даргузашти Давлатзода Махсумҷон Азиз, прокурори ноҳияи Шаҳристон

Давлатзода Махсумҷон Азиз, ки аз соли 2019 то ҳол прокурори ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд буд, дар 56-солагӣ даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Давлатзода Махсумҷон Азиз бар асари бемории қанд дар синни 56 даргузашт, хабар доданд наздикони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Давлатзода соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз ҳамон сол ёрдамчии прокурори шаҳри Турсунзода, аз соли 1993– ёрдамчии прокурори ноҳияи Рашт, аз соли 2005 ёрдамчии прокурори ноҳияи Ҷиргатол кор кардааст.
Тибқи ҳолномаи Махсумҷон Давлатзода, ки Додситонии кулли Тоҷикистон нашр намудааст, ӯ аз соли 2010 прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз соли 2013 прокурори ноҳияи Лахш кор кардааст.
Давлатзода аз соли 2019 то ҳол дар мақоми прокурори ноҳияи Шаҳристон фаъолият доштааст. Ӯ мушовири адлияи дараҷаи 1 буд.
Маросими видоъ бо Махсумҷон Давлатзода дар зодгоҳаш дар ноҳияи Рашт дар назар аст.