ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон афзоиши рекордии теъдоди сироятшудагон давоми як шабонарӯз аз вируси корона ба қайд гирифта шуд.
Ҳамин тавр, дар давоми шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 78 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуд, дар ҳоле, ки ду рӯз пеш ин омор 68 ҳолатро ташкил медод.
Ин бештарин нишондод аз 21 июн - яъне, бурузи дигарбораи вируси корона дар Тоҷикистон то кунун, ба шумор меравад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 58 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар Тоҷикистон 14505 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то замони зикргардида 14022 нафар (96,6%) нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон вазорат мегӯяд, давоми 24 соати гузашта, аз ин беморӣ касе нафавтидааст ва теъдоди умумӣ ҷонбохтагон 116 боқӣ монааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронавирус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум ду намуд ваксин AstraZeneca ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони кишвар ваксин гирифтанд ва маъракаи ваксинзанӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.