Тоҷикистон дар Русия ба “донор"-и асосии муҳоҷирони меҳнатӣ табдил ёфтааст

Дар соли 2021 шумори муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия бештар аз муҳоҷирони Украина будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар соли 2021 аз ҳама бештар ба Русия муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон омаданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС дар истинод ба таҳқиқоти Пажуҳишгоҳи таҳлили иҷтимоӣ ва дурнамоӣ (РАНХиГС).
Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ – ин шаҳрвандони кишварҳои ИДМ мебошанд. Ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ миёни тамоми коргарони хориҷӣ, ки дар Русия қарор доранд афзоиш меёбад. Дар ҳоли ҳозир теъдоди он ба 76 дарсад расидааст.
Онҳо таъкид карданд, ки Тоҷикистон "донори асосии муҳоҷирони меҳнатӣ да Русия" шудааст ва дар ин самт ҷои Украинаро ишғол кардааст.
Тадқиқот инчунин нишон дод, сарфи назар аз маҳдудиятҳои коронавирус, ҳиссаи коргарони хориҷӣе, ки дар Русия ҳузури худро қонунӣ кардааст, тақрибан тағир наёфтааст ва наздик ба 70 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар Русия наздик ба 2,5 миллион муҳоҷир бидуни шартномаи меҳнатӣ кор мекунад
Ин нишонаи он аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ мехоҳанд дар доираи қонун кор кунанд ва ҳамчунин барои онҳо расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ содда гардонида шудааст.
Ҳоло тақрибан се миллион шаҳрвандон аз дигар кишварҳо дар Русия кор мекунанд. Ин нисбат ба аввали моҳи июни соли 2020 28 дарсад камтар аст.
"Дар тӯли панҷ моҳи соли ҷорӣ пардохтҳо ба буҷа аз рӯи пардохти патентҳои муҳоҷирон 17,1 миллиард рублро ташкил додаааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 дарсад камтар аст", - омадааст дар таҳқиқот.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2020 тибқи фармони президенти Русия Владимир Путин шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат доранд, муваққатан дар қаламрави ин кишвар бидуни сабти ном то 15 июни соли 2021 кор ва зиндагӣ кунанд. Аммо, баъдтар, сарвари давлат мораторияи ихроҷ аз Россияро то 30 сентябр тамдид кард.