ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар вилояти Бодканд гуфтушунид байни намояндагони сарҳадоти Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, дар гуфтушунид ҳамзамон раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаҳои наздимарзӣ ширкат варзиданд.
"Пас аз мулоқот дар бораи ғайри қобул будани иҷрои ҳамагуна корҳо дар минтақаҳои "Қуммазор" ва "Сомониён" созиш ба даст омад", - омадааст дар хабари Хадамоти марзбонии КДАМ.
Зимнан, қарор қабул шуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз рух додани чунин ҳодисаҳо сарҳадбонони ҳар ду ҷониб бояд хатти марзро қатъиян риоя кунанд.
Илова бар ин, дастаи аскарони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ин минтақа посбонии муштарак анҷом медиҳанд.
Ҷониби Тоҷикистон феълан дар мавриди ин гуфтушунид иттилои расмӣ надодааст.
Тирпарронӣ дар марз
Субҳи рӯзи 24 июл дар марз миёни ҷамоати Чоркӯҳ ва ноҳияи Бодканди Қирғизистон тирпарронӣ рух дод.
Тирпарронӣ дар мавзеи маъруф ба "Қиммизор" сурат гирифт.
Манбаи Sputnuk Тоҷикистон хабар дод, ки чанд тан аз сокинони Чоркӯҳ барои баҳра гирифтан аз қуми тасфон ба “Қуммазор” рафтаанд, аммо сарҳадбонони қирғиз барои ин монеъгӣ карда барои тарк намудани сокинон ба ҳаво тир кушодаанд. Дар ҷавоб ба ин амали қирғизҳо сарҳадбонони тоҷик ҳам чанд тир ба ҳаво холӣ кардаанд.
Бар асари ин ҳодиса сарҳадбони тоҷик Шӯҳрат Қурбонов захм бардошт ва феълан дар бемористон қарор дорад. Пизишкон вазъи ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.
Масъулони ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, мавзеъи “Қуммазор” аз пеш дар ҳудуди ин ҷамоат аст, вале дафъаҳои охир барои рафтани сокинон ба ин мавзеъ ҷониби қирғизҳо монеъгӣ мекунанд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, вале боқимонда ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ карда нашудааст.
Номуайянии марз борҳо сабаби рухдоди муноқишаҳои марзӣ гардидааст. Бори ахир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Бар асари ин ҳодисаи мудҳиш аз ҳарду ҷониб 55 нафар афсарону аскарони сарҳадбон ва ба ҳисоби сокинони оддӣ қурбон шудаанд.