Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тафсилоти нави тирпарронӣ дар марз: муноқишаро кадом ҷониб сар кард?

Хадамоти марзбонии Қирғизистон тафсилоти ноамнии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон ба сар мебаранд, бидуни мувофиқа бо онҳо, дар минтақаи Қуммазори ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба тамизкорӣ оғоз намуданд, ки ин амали онҳо боиси занозанӣ ва билохира ба тирпарронӣ анҷомид.
“Ҷониби Тоҷикистон талаботи марзбонони Қирғизистонро бобати қатъ намудани тамизкорӣ нодида гирифтанд. Илова бар ин, онҳо хостанд шаҳрванди Қирғизистонро латукӯб кунанд. Муноқишаи лафзӣ ба занозанӣ ва сангандозӣ гузашт. Билохира ба самти шаҳрвандони Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт, ки дар ҷавоб ҷониби қирғизҳо ҳам тир кушоданд”, - омадааст дар хабари Хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Манбаъ меафзояд, бар асари тирпарронӣ аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надидааст.
Феълан дар ҷойи ҳодиса вохӯрӣ дар сатҳи намояндагони марзбонии ҳар ду кишвар бо иштироки намояндагони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷараён дорад.
"Вазъият мӯътадил аст", - гуфта мешавад дар хабари Хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Манбаъ: дар пайи муноқишаи марзӣ як марзбони тоҷик захмӣ шуд
Дар ҳамин ҳол, манобеи мӯътамад ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки дар пайи тирпарронӣ як марзбони тоҷик бо насаби Қурбонов захмӣ шудааст.
Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки захмӣ шудани сарҳадбон дар кадом ҳолат сурат гирифтааст.
Тоҷикистон ҳоло муноқишаи ахирро расман шарҳ надодааст.