Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

КДАМ: "Қуммазор" замини Тоҷикистон аст, на аз Қирғизистон

КДАМ Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки дар сомонаҳои Қирғизистон мавзеи "Қуммазор" ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон гуфта шудааст, дар ҳоле ки ин макон пурра замини Тоҷикистон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тирпарронии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди "Қуммазар" рух дод.
Сомонаҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ин мавзеъро аз они худ хонданд, вале Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин замин ҳеҷ гоҳ аз Қирғизистон набуд ва пурра хоки Тоҷикистон аст.
Дар изҳороти КДАМ омадааст, ки "тибқи ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва маводҳои комиссияи паритетии соли 1989 минтақаи мазкур (координатҳои топографии 390 57I 00II, 700 33I 00II) пурра ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад".
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ -и Тоҷикистон тирпарронии марзро шарҳ дод
Илова бар ин ҷониби Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ВАО -и Қирғизистон бидуни дарки пурраи ин масъала ба шитобкорӣ роҳ дода ахбори носаҳеҳро нашр намуд .ки "ин ба эҷоди боварии тарафайн хизмат намекунад".
Гуфта мешавад, намояндагони Хадамоти марзбонии КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон бар хилофи банди 6-уми Протоколи мулоқоти роҳбарони комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 05.06.2021 (Қарамиқ) ахбори бо ҷониби Тоҷикистон мувофиқа нашударо паҳн намуданд.
КДАМ мегӯяд, масъалаи мазкур мавриди баррасӣ ва таҳқиқи намояндагони расмии мақомоти дахлдори тарафҳо қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 24 июл дар марзи Тоҷикистон тирпарронӣ сар зад, ки дар натиҷа як сарбози тоҷик аз тир захмдор шуд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавзеи "Қуммазор" - и ноҳияи Бодканд бидуни мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон ба тамиз кардани ин мавзеъ оғоз карданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Фаврӣ: Дар Чоркӯҳи Исфара ҳаммарз бо Қирғизистон тирпарронӣ рух дод
Ин ниҳод ҳатто пас аз анҷоми гуфтушунидҳо дар ин бобат хабар дод, ки ҷонибҳо гӯё ба мувофиқа расиданд, ки "минбаъд чунин корҳо дар мавзеи "Қуммазор"- и Қирғизистон ва "Сомониён" -и Тоҷикистон сурат намегирад.
Масъулони ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, мавзеъи “Қуммазор” аз пеш ҳам дар ҳудуди ин ҷамоат аст, вале дафъаҳои охир барои рафтани сокинон ба ин мавзеъ ҷониби қирғизҳо монеъгӣ мекунанд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, вале боқимонда ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ карда нашудааст.
Номуайянии марз борҳо сабаби рухдоди муноқишаҳои марзӣ гардидааст. Бори ахир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Бар асари ин ҳодисаи мудҳиш аз ҳарду ҷониб 55 нафар афсарону аскарони сарҳадбон ва ба ҳисоби сокинони оддӣ қурбон шудаанд.