Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Манбаъ: дар пайи муноқишаи марзӣ як марзбони тоҷик захмӣ шуд

Дар пайи тирпарронии ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон як марзбони тоҷик захмӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Манбаъи Sputnuk Тоҷикистон хабар додааст, ки дар пайи тирпарронии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, як сарбози Қушӯнҳои марзбонии Тоҷикистон Шуҳрат Қурбонов захмӣ шудааст.
Дар ҳоли ҳозир, мазбони тоҷик дар шӯъбаи осебшиносӣ (травмотология) дар Бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ аст.
"Марзбон аз пояш захм бардоштааст. Дар ҳоли ҳозир, мақомот муайян мекунанд, ки марзбон бо тири кадом силоҳ захмӣ шудааст", - гуфт манбаъ.
Табибони бемористони марказиии шаҳри Исфара вазъи саломатии марзбони захмишударо мӯътадил арзёбӣ мекунанд.
Сокинони минтақаи Чоркӯҳ хабар доданд, ки айни ҳол, вазъ дар марз ором аст ва мақомоти ҳар ду кишвар ҳодисаи рухдодаро таҳқиқ доранд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ дар бораи захмӣ шудани марзбонони қирғиз иттилоъ надодааст.
Ёдрас мешавем, ки субҳи рӯзи 24 июл дар марзи миёни ҷамоати Чоркӯҳ ва ноҳияи Бодканди Қирғизистон тирпарронӣ рух дод.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Фаврӣ: Дар Чоркӯҳи Исфара ҳаммарз бо Қирғизистон тирпарронӣ рух дод
Ба иттилои манбаъ, тирпарронӣ дар мавзеи маъруф ба “Қуммазор”, сурат гирифтааст.
“Ҳоло мавсими табобати тобистонӣ аст. Чанд тан аз сокинони Чоркӯҳ барои баҳра гирифтан аз қуми тасфон ба “Қуммазор” рафтаанд, аммо сарҳадбонони қирғиз барои ин монеъгӣ карда барои тарк намудани сокинон ба ҳаво тир кушодаанд. Дар ҷавоб ба ин амали қирғизҳо сарҳадбонони кишвари мо ҳам чанд тир ба ҳаво холӣ кардаанд”, - гуфт манбаъ аз ҷамоати Чоркӯҳ.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло Баҳодур Баҳоваддинзода, раиси шаҳри Исфара ва масъулони ҷамоати Чоркӯҳ як ҷо бо ҳамтоёни қирғизи худ ба ҷойи ҳодиса сафар карда вазъро таҳқиқ мекунанд.
Масъулони ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, мавзеъи “Қуммазор” аз пеш дар ҳудуди ин ҷамоат аст, вале дафъаҳои охир барои рафтани сокинон ба ин мавзеъ ҷониби қирғизҳо монеъгӣ мекунанд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, вале боқимонда ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ карда нашудааст.
Номуайянии марз борҳо сабаби рухдоди муноқишаҳои марзӣ гардидааст. Бори ахир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асари ин ҳодисаи мудҳиш аз ҳарду ҷониб 55 нафар афсарону аскарони сарҳадбон ва ба ҳисоби сокинони оддӣ қурбон шудаанд.