ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то 25 июли соли равон бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва қисмати ғарбии ВМКБ омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад.
КҲФ аз аҳолӣ эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки ҳамаи чораву тадбирҳои бехатариро риоя карда, селроҳаву ҷӯйбору каналҳоро сари вақт тоза намоянд.
“То ҳадди имкон ба маҳалҳои селомади кӯҳӣ барои чарондани чорвою ҷамъоварии ҳезум ва ҳар гуна рустаниҳои доруворӣ нараванд”, - таъкид доштааст КҲФ.
Ҳамзамон КҲФ аз рафтан ба моҳидорӣ низ ҳушдор додааст ва қайд кардааст, ки дар чунин рӯзҳо оби рӯдхонаҳо баногаҳ метавонад баланд шавад.
“Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар маҳалҳои кӯҳӣ ва маконҳои хатарноке, ки омадани сел эҳтимол дорад, ҷиддан қоидаҳои бехатарӣ ва фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд”, зикр намудааст КҲФ.
Бояд гуфт, ки дар як моҳи ахир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон чанд офати табиӣ аз ҷумла сел, заминунбӣ ва обхезӣ рух дод, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар ҷон бохтанд ва даҳҳо нафари дигар осеб диданд. Инчунин миёни фавтидагон низ кӯдакони хурдсол низ ҳастанд.