Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Даргузашти шоир Саидалӣ Маъмур аз коронавирус: моҳи пеш ҳамсару писарашро аз даст дод

Шоир ду ҳафтаи охир аз маризии коронавирус ранҷ мебурд ва рӯзи 24 июл дар синни 77 - солагӣ ҷон аз даст дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Саидалӣ Маъмур, шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 24-уми июл дар сини 77 - солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Хабари марги ӯро рӯзноманигор Исмоил Зарифӣ дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр кард.
Зарифӣ акси муштараки шоири марҳум бо фарзанди ғӯрамарги ӯро нашр карда навишт, ки ин хонавода ҳамакнун пароканда шуд.
Саидалӣ Маъмур ҳанӯз моҳи гузашта ҳамсар ва охирон фарзанди худро аз даст дод. Пайвандони ӯ бемори коронавирус буданд. Худи шоир низ ду ҳафтаи охир бо ин вирус мубориза бурду, рӯзи 24 июл ҷон ба Ҷонофарин таслим кард.
Писари Саидалӣ Маъмур, ҳамагӣ 43 сол дошт ва пас аз 6 рӯзи даргузашти модараш ҷон бохт.
Саидалӣ Маъмур яке аз шоирони маъруфи муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ буд.
Мотам дар оилаи 17 чеҳраи шинохта дар мавҷи нави короно: феҳрасти фавтидаҳою шарҳи Вазорат
Шоир аз зиндагии якҷоя бо ҳамсари марҳумаш 3 писар дошт, ки ду нафари онҳо ҷавонмарг шуда Фарзон фарзанди охирин ва ягонаи ӯ буд.
Фарзон Маъмур чанд соли охир дар ширкати “Babilon-Mobile” ба ҳайси директор фаъолият мекард. Ӯ 20 рӯз баъд, яъне санаи 22 июли соли равон 43 - сола мешуд. Номбурда оиладор ва соҳиби ду фарзанд- як писару як духтар буд.
Саидалӣ Маъмур зодаи деҳаи Яккабоғи Истаравшан соли 1944 ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Солҳои охир мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.