ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Маҳмадкарим Соҳибзода, муовини директори “Тоҷикфилм” дар умури намоиш ва кирояи филмҳо, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин студияҳо бо номҳои гуногун ғайриқонунӣ фаъолият намуда, бо номҳои бофтаю дурӯғин, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар сомонаи YouTube таъсис ёфтаанд, ба истеҳсол ва намоиши роликҳо, филмҳо ва наворҳои гуногун машғул буданд.
“Муҳтавои маводи ҷойгирнамудаи онҳо хусусияти пастзанандаи фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ ва таблиғи фисқу фуҷурро дошт. Мо онҳоро баррасӣ намуда, ташхис гузарондем ва ба КДАМ ирсол кардем. То ба ҳол 3 студия ҷазо гирифта, ҳукми бақия низ дар ҳоли содир шудан аст”, - гуфт Маҳмадкарим Соҳибзода.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз соли 2020 ба "шикор" – и студияҳои ютубӣ шуруъ намуда, “Тоҷикфилм” моҳи феврали соли равон аз баста шудани 4 студия дар ин сомона хабар дода буд.
Он замон шуморе аз студия ва каналҳои фаъол дар шабакаи "YouTube", аз қабили "Акаи братан", "Дустмурод Шарипов Донжуан", "Комрон Шоу", "Тупаланг филм", "Тв Тҷ", "Саъдӣ Арабшо", "СФ продюшн", "Қурбон Неъматов", "Ибрагимов", "Қаҳрамон Ютуб", "Олами синамо", "Раҳим Шоу про", "Чӣ ба кӣ", "Акбар Шоу", "Акбар про", "Ҳамнафас" ва "Новий оффис" ном бурда мешуд.
Бино ба додаҳои "YouTube", студия ё каналҳои ютубии тоҷикиро, ки мавриди занну гумон ва ташхиси мақомот қарор гирифтаанд, аз 10 то 300 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд.
Тибқи иттилои “Тоҷикфилм”, шуъбаи нозироти ин ниҳод бо иттифоқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тайи шаш моҳи аввали соли 2021 21 рейди муштарак гузаронида, беш аз 35 санаду протокол тартиб дода, 10 ҳазору 91 нусха фитаю филмҳои пастсифати ғайриқонуниро аз муомилот баровардааст.
Масъулин мегӯянд, ин фитаю филмҳо дар амбори “Тоҷикфилм” нигоҳ дошта мешаванд ва дар кӯтоҳтарин муҳлат нобуд карда хоҳанд шуд.
Бино ба ин манбаъ, ин дискҳо ба ҳамон 30 студияи истеҳсолӣ тааллуқ доранд, ки на фақат бо студияҳои туркӣ созишномаи хариду фурӯши маводи аудиовизуалиро надоранд, балки фоқиди суроғаи ҳуқуқӣ ҳастанд ва худсарона ба истеҳсолу тариқи қочоқ пахш кардани маводи аудиовизуалӣ машғул мебошанд.