Чангу ғубор, борон ва гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

Ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то +39 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, рӯзи 23 июл, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар минтақаҳои шарқӣ борон мебораду раъду барқ ба амал меояд.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 27+32 дараҷа мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво то +13 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво тағйирёбанда мешавад ва борони кутоҳмуддат борида раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳои Суғд то +39 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад то +27 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш пешбинӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Рӯзона ҳарорати ҳаво дар водиҳо то +42 дараҷа тафсон мешавад.
Дар доманакӯҳҳо то +35 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст. Борони кутоҳмудат мебораду раъду барқ мешавад. Ҳаво дар водиҳо то +39 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво то +33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе борон намеборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +39 дараҷа гарм мешавад.