ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Онҳое, ки гирифтори штами нави коронавирус шудаанд, пас аз шифоёбӣ дар аксари маврид нуқсе пайдо мекунанд, гуфта мешавад дар ёддошти Вазорати тандурустии Русия.
Тибқи ин санад, дар 31,7% ҳолат, инсон баъди шифоёбӣ ба нафастангӣ дучор мешаванд.
Ғайр аз ин, беморони штамми нави COVID-19 тромбоз пайдо мекунанд (дар 20-30% ҳолат).
Инчунин, ба синдроми баъдиковидӣ, сулфа (13,5%), дарди қафаси сина ва тахикардия (12,7%) дохил мешаванд.
Вазорати тандурустӣ қайд кард, ки дигар нишонаҳои баъдиковидӣ, камтар ба назар мерасанд.
Вазорат афзуда, ки нишонаҳои дар боло зикршуда, метавонад пас аз 4 ҳафтаи оғози беморӣ пайдо шавад.
Вазорат тавсия додааст, ки шаҳрвандони Русия дар марказҳои табобатӣ аз муоинаи амиқи тиббӣ гузаранд.
Ин барнома аз 1 июли соли 2021 оғоз шудааст. Зимни муроҷиат ба маркази саломатӣ бо худ доштани шиноснома ва бимаи тиббӣ ҳатмӣ аст.