ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Хуршед Ҳамидов, муовини сардори бозрасии Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба далели кам шудани ҳайвоноте, ки хӯроки гургҳо дар табиат ба ҳисоб мерафтанд, теъдоди гургҳо дар кишвар коҳиш ёфта буд.
"Азбакси афроди силоҳбадаст зиёд шуданд ва шикори ғайриқонунӣ як муддат авҷ гирифт, ҳайвоноти ваҳшӣ, назири бузҳои ёбоиву оҳу ва харгӯш коҳиш ёфтанд. Аз ин хотир, гургҳо дар пайи кам шудани хӯрок ба рамаву манзилҳои мардум ҳамла бурда, ин андешаро ба вуҷуд оварданд, ки теъдодашон зиёд шудааст", - гуфт Хуршед Ҳамидов.
Ин масъули Агентии ҷангал мегӯяд, дар пайи як мониторинг ё таҳқиқи ҳузури гургҳо дар кишвар маълум шудааст, ки теъдоди ҳайвоноти шикории онҳо афзуда, ҳоло онҳо дар дохили табиат зиндагӣ мекунанд ва дар муҳити инсонҳо зоҳир намешаванд.
Гургҳо барои ҷангал муфид ҳастанд. Тӯъмаи онҳо ағлаб ҳайвоноти заиф ё бемор мешаванд - онҳое, ки наметавонанд аз худ дифоъ ё фирор кунанд. Аз ин хотир, ағлаб ба гургҳо "масъули беҳдошт ё санитари ҷангал" гуфта мешавад.
Тибқи иттилои Агентии ҷангал, ҳоло теъдоди гургҳо дар Тоҷикистон 5329 адад ҳисоб мешавад, ки умдатан дар манотиқи баландкӯҳ зиндагӣ мекунанд. Гургҳо, бахусус, дар фасли зимистон вақте дар баландкӯҳҳо барфи зиёд меборад, ҳам аз сардӣ ва ҳам аз гуруснагӣ рӯ ба манозили мардум меоранд ва чорвои онҳоро шикор мекунанд.
Соли гузашта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз зиёд шудани мавориди ҳамлаи гургҳо ба манозили мардум Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилоят гуруҳи вижаи “Алфа” – ро барои шикори онҳо эъзом кард, ки дар натиҷа 28 сар гург безарар гардонида шуд.