Фиребхӯрии ду мард аз зани 46 - сола: 780 ҳазор сомонии онҳоро муфт азхуд кард

Ин зан дар ҳоле марди 33 - соларо моҳи ҷорӣ фиреб додааст, ки ҳанӯз як сол қабл пули марди 58 - соларо гирифта, барнагардондаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Зани 46 - сола, ки сокини деҳоти Ориёи шаҳри Ҳисор мебошад, дар фиреби ду марди ҳамшаҳрии худ муттаҳам дониста мешавад.
Аз қаллобии ин зан замоне маълум шуд, ки марди 58 - сола, сокини деҳаи мазкур ба ШВУД дар шаҳри Ҳисор муроҷиат карда аз болои ин зан шикоят намуд.
Ба иттилои манбаъ, муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки соли 2020, номбурда аз ғ 300 ҳазор сомонӣ гирифта то ҳол маблағро барнагардондааст.
"Қаллобӣ ба маблағи 630 ҳазор рубл ва 1000 доллар": шарҳи парвандаи Иззат Амон
Дар хабар дақиқан гуфта нашудааст, ки маблағро сокини 58 - солаи Ҳисор дар чӣ гуна шароит ба даст зан дод ва ӯ ин миқдор маблағро бо чӣ мақсад гирифтааст.
ВУД Тоҷикистон ҳамчунин муайян намуд, ки зани муттаҳам ба қаллобӣ аз сокини 33 - солаи Ҳисор низ 480 ҳазор сомонӣ талаб намуда, гирифтааст.
Ин кор моҳи июли соли ҷорӣ итифоқ афтодааст.
" Бо ҳамин роҳ моҳи июли 2021, аз марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор 480 ҳазор сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст", - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.