Расонаҳо: ДОИШ ба пойгоҳи артиши Ироқ ҳамла кард

Ба асари ҳодиса се низомии Ироқ кушта шуда, шаш тани дигар ҷароҳат бардоштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба пойгоҳи артиши Ироқ ҳамла кардааст, хабар медиҳад "Парс тудей".
"Террористҳои ДИИШ ба пойгоҳи “Бадр -6” артиши Ироқ дар ғарби ноҳияи Аррутбаи вилояти Аланбор, дар ғарби ин кишвар ҳамла карданд", - менависад манбаъ.
Пойгоҳи мазкур дар вилояти вилояти Аланбори Ироқ ҷойгир буда, дар пайи ҳодиса чанд тан аз низомиён кушта шудаанд. Шумораи умумии ҷароҳатбардоштагону кушташудагон 9 нафар арзёбӣ мегардад.
Кабулов: Русия далел дорад, ки ИМА бо ДОИШ* ҳамкорӣ мекунад
Аз онҳо 3 нафар низомӣ ҳалок шудаву 6 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Мудирияти итилоърасонии Басиҷи мардумии Ироқ низ эълом кардааст, ки яке аз аносури ДОИШ дар шаҳри Мавсил, дар шимоли ин кишвар дастгир шудааст.
Бо вуҷуди шикасти ДОИШ дар Ироқ, ҳанӯз шуморе аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳузур доранд ва ба сурати пароканда ҳамалоти террористӣ анҷом медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, ДОИШ дар Афғонистон низ фаъол шудааст. Пештар рӯҳи террористӣ масъулияти тирборон кардани қасри президент дар Кобулро ба ӯҳда гирифта буд.