ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Шабнами Сурайё дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ карда, навори сурудхониашро дар сторисаш дар Instagram нашр кардааст.
Овозхони саршиноси тоҷик дар назди мухлисонаш бештар сурудҳои халқиро иҷро кардааст ва ҳунарнамоии ӯ чуноне аз наворҳо дида мешавад, мардуми Ӯзбекистонро тахсир намудааст.
Зери наворе ҳам худи Шабнами Сурайё мемоннавозии мардуми ин маконро қайд карда, ба Ӯзбекистон изҳори муҳаббат кардааст.
"Ман Ӯзбекистонро дӯст медорам. Сипос барои меҳмоннавозӣ", - навиштааст Шабнам.
Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна мухлисонаш дар гирди саҳна ҷамъ омадаанд ва ҳунарнамоии примадоннаи тоҷикро бо "пулборон", қадр мекунанд.
Ногуфта намонад, моҳе қабл низ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ба сари Шабнами Сурайё доллар рехта буданд.
Дар навори дигаре, ки Шабнами Сурайё нашр кардааст, примадоннаи саҳнаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова намудор мешавад, вале навори ҳунарнамоии ӯ дар саҳифаи Шабнам нашр нашудааст.
Бояд гуфт, сарояндагони номии Ӯзбекистону Тоҷикистон Шабнами Сурайё ва Юлдуз Усмонова дӯстии қавӣ доранд.
Юлдуз Усмонова дар як мусоҳибааш Шабнамро духтархонди худ гуфта буду аз ҳунарнамоияш дар назди мардуми Тоҷикистон ситоиш карда буд.
"Ман ин духтарро бисёр дӯст медорам, ин чеҳраи халқи Тоҷикистон аст. Ман ҳамеша мегӯям, ки худиҳоро эҳтиёт кунед”, - изҳор дошт Усмонова.