Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Коронавирус: даргузашти Идигул Қосимзода, вакили Парлумон ва собиқ раиси занон

Ӯ ҳудуди ду ҳафта дар шӯъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи рақами 3 шаҳри Душанбе, маъруф ба "1-ум Советский" бистарӣ будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Идигул Қосимзода, вакили Парлумони Тоҷикистон ва собиқ раиси занони кишвар даргузашт.
Бино бар иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон Қосимзода чанд ҳафтаи ахир аз бемории коронавирус ранҷ мебурдааст.
Гуфта мешавад, вакили тоҷик ҳудуди ду ҳафта дар шӯъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи рақами 3 шаҳри Душанбе, маъруф ба "1-ум Советский" бистарӣ буд.
Даргузашти вакили Парлумон аз коронавирус феълан расман тасдиқ нашудааст.
Паҳлӯи қабри падар рафт: Самадов, собиқ вакили Тоҷикистон даргузашт
Қосимзода Идигул Тағо 4 январи соли 1968 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи омўзгории шаҳри Қўрғонтеппа (ҳозира шаҳри Бохтар) мебошад. Доктори илмҳои педагогист.
Солҳои 1990-1992- Котиби масъули шуъбаи кор бо ноболиғони Ҳукумати ноҳияи Вахш буд.
Дар ҳамин ноҳия ба ҳайси омӯзгор фаъолият бурдааст. Қосимзода соли 2003 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба кор даромад ва дар ин муассиса то соли 2015 фаъолият дошт. Ӯ дар донишкадаи мазкур то ба зинаи муовини ректор расид.
Ҳоҷӣ Шералӣ даргузашт: мотам дар оилаи соҳибкорон - Миристоевҳо
Аз январи соли 2017 то соли 2020 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Идигул Қосимзода ҳамагӣ 53 сол дошт.