Ҳалокати писараке, ки дучарха меронд: садама дар шоҳроҳи Душанбе - Панҷи поён

Дар пайи як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён як навраси 14-сола ҳалок шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз рух додани садамаи маргбор хабар медиҳад, ки дар пайи он мутаассифона, як писараки 14-сола, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳалок шудааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса пас аз зӯҳри дирӯз, 21-уми июл, тақрибан соатҳои 15:30 рух додааст.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 38-сола сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷ.Балхӣ аст.
Бархӯрди маргбор: ҳалокати нолобиғ ва ҷароҳати ду наврас дар садама
Ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти марказии ноҳия ба самти ноҳияи Ҷайҳун, дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар-Панҷи поён” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навоии ноҳияи мазкур дучархарони ноболиғ, писараки 14-сола, сокини ҷамоати деҳоти Навоии ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Муиаассифона, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.