ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Омори шумораи нафақахӯронро дар як нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода эълон кард.
Ба гуфтаи вай, шумораи умумии нафақахӯрон дар аввали моҳи июли соли 2021 беш аз 744 ҳазор нафарро ташкил додааст. Аз шумораи умумии 157 ҳазор нафар маъюбон мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли 2021 Агентии омори ҷумҳурӣ аз теъдоди 734 ҳазор нафар шаҳрвандони синни нафақа дар Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамин тариқ, дар се моҳ шумораи нафақахӯрон дар Тоҷикистон 10 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2020 шумораи нафақахӯрон 3,1% зиёд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки маблағи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 318 сомониро ташкил медиҳад. Андозаи нафақаи пиронсолӣ, яъне бидуни собиқаи корӣ бошад, ба 187 сомонӣ баробар аст.