Санҷиши сартосарии ҷангӣ дар Тоҷикистон: аз сарбозони эҳтиётӣ то генералҳо

Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22 июл дар ҷумҳурӣ санҷиши омодагии ҷангии тамоми қувваҳои мусаллаҳу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22 июл дар ҷумҳурӣ санҷиши омодагии ҷангии тамоми қувваҳои мусаллаҳу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад. Дар шаҳри Душанбе бо ҳузури раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гузашти низомии 5 ҳазор сарбозу афсар дар назар аст, ки бо бонги хатар соати 4:00 хезонда хоҳанд шуд, хабар додааст РИА Новости.
Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, сарбозони эҳтиётӣ дар навоҳии Тоҷикистон низ даъватнома гирифтаанд, ки соати 4-и субҳи 22 июл бо майдонҳои муайян барои санҷиш ва машқи низомӣ ҳозир шаванд.
Дар даъватномаҳо омадааст, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 22 июл сафарбарсозии ҳайати эҳтиётӣ, барои омӯзиш ва машқи низомӣ сурат мегирад. Аз нерӯҳои захиравӣ хоҳиш шудааст, ки ба ҷойҳои муайян бо либоси варзишию ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ҳозир гарданд.
Дар ҳифзи марз: раҳпаймоии танкчиёни Русия аз Лоҳур то Ҳарб - Майдон
Таъкид мешавад, ки 22 июл дар саросари кишвар санҷиши омодагиии ҷангӣ сурат мегирад.
“Дар асоси Нақшаи мудофиаи Тоҷикистон 22 июли соли 2021 дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ санҷиши бузургмиқёси омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ ташкилу гузаронида мешавад”, - иттилоъ дод манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ғасбкориҳои ҷангиёни Толибон* дар марз ҷаласаи Шӯрои амниятӣ баргузор намуда, ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар супориш дод, ки 20 ҳазор низомии эҳтиётиро ба марз бо Афғонистон сафарбар созад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзӯр карда шуда, ба минтақаҳои зарурӣ қувваҳои иловагии низомӣ равона гардад.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар