Самимӣ, беозор, намунаи ибрат: ёди мақомдорон аз некиҳои Қурбонбӣ, хоҳари Президент

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз реҳлати Қурбонбӣ Раҳмонова - хоҳари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори андуҳ карда, аз некиҳои марҳум ёд кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Ҳукумати вилояти Хатлон гуфтааст, Қурбонбӣ Раҳмонова, як намоди меҳру муҳаббат, иффату ҳунар, модари ғамхору иззатманд буда, реҳлаташ басо таконбахшу ғамангез мебошад.
Дар таъзияе, ки мақомоти Хатлон нашр кардаанд, таъкид шудааст, ки “марги беамон боз як инсони шарифу фариштахӯ, дорои ахлоқи воло, маҳфилоро, мураббӣ ва тарбиятгари нотакрореро аз байни мо рабуд”.
Таъкид шудааст, ки Раҳмонова бо самимияташ маҳбуби пайвандону ҳамдеҳагон ва ҳамдиёрон буд.

“Шахсе ба олами абадият пайваст, ки бо самимияту меҳрубонӣ, фазилати баланди инсонӣ маҳбуби дили пайвандону ҳамдеҳагону ҳамдиёрон гардида буд. Ӯ бо ҳамагон ҳамдаму дилсӯз ва ба ҷавонон меҳрубону роҳнамо буд, бо тамкину бурдборӣ, сухани нек, таҳаммулпазирӣ ва рафтори неку писандидааш намунаи ибрат буд”, - изҳор доштаст ҳукумати вилояти Хатлон.

Мақомоти вилоят афзудааст, ки ҳамагон ин модарро ҳамчун шахси комилан беозор, нармгуфтор, инсондӯст, самимӣ ба ёд хоҳанд дошт.
“Аз ин ҷост, ки марги чунин инсони соҳибдил барои азизонаш талафоти ҷуброннопазир ба шумор меравад”, - омадааст дар таъзия.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мотам дар хонаводаи президент: модарарӯси Эмомалӣ Раҳмон даргузашт
Ҳукумати Хатлон ба ҳамаи бозмондагони Қурбонбӣ Раҳмонова ҳамдардӣ баён карда, ба онҳо дар таҳаммули дарди фироқ сабру шикебоӣ таманно кардаст.
Дар ҳамин ҳол Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ низ ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори ҳамдардӣ карда, барои пайвандон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хостаст.
“Ба даргоҳи Парвардигори Зулҷалол дуо мекунем, ки марҳумаро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшонро ҷаннат гардонад. Рӯҳашон шоду манзили охираташон обод бошад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун”, - изҳор доштааст Ёдгор Файзов.
Қурбонбӣ Раҳмонова рӯзи 20-уми июл рӯзи Иди Қурбон дар синни 64 – солагӣ даргузашт. Ҳукумати кишвар ба Президенти Тоҷикистон, фарзандон, хешовандон ва дӯстони Раҳмонова изҳори тасаллият кард. Сабабҳои марг зикр нашудаанд, аммо бар асоси гузоришҳо, иллати марг коронавирус мебошад.
Қурбонбӣ Раҳмонова, ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, собиқи раиси корхонаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" мебошад, ки соли 2012 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.