Нигаронии додситони Суғд аз мактабҳои динии ғайрирасмӣ барои кӯдакон

Дар шимоли Тоҷикистон 36 ҳолати омӯзиши ғайрирасмии динии наврасон ошкор гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аз оғози соли 2021 дар ин минтақа 220 ҷинояти дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ ошкор гадидааст.
Вай афзуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба як соли пеш ба 13 ҳолат камтар аст, аммоновобаста аз ин арқом бисёр ташвишовар аст.
Нигаронии додситон дар он будааст, ки то ҳол "омузиши" ғайрирасмии динӣ барои наврасон вуҷуд доранд.
Дар тӯли шаш моҳ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 36 ҳолати таълими ғайрирасмии диниро ошкор карданд.
"Ҳама гунаҳкорон - муаллимон ва волидони наврасон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд", - гуфт додситони Суғд.
Дар ҳамин ҳол, Фурқат Хоҷазода қайд кард, ки ҳоло ба решакан кардани таҳсилоти ғайрирасмии динӣ аҳамияти махсус дода мешавад.
Амрико медонад: Тоҷикистон боз ба феҳрасти поймолкунандагони ҳуқуқи динӣ ворид шуд
Дар мавриди ифшои ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ, Хоҷазода таъкид кард, ки дар шаш моҳи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят тафтишоти 39 парвандаи ҷиноиро нисбати 90 шаҳрванд ба анҷом расонид.
"Ҳамаи ин парвандаҳо ба суд ирсол шуданд", - хулоса кард додситони вилояти Суғд.