Мотам дар хонаводаи президент: хоҳари Эмомалӣ Раҳмон даргузашт

Сабабҳои марги хоҳари сарвари давлат мушаххас нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Хоҳари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қурбонбӣ Раҳмонова даргузашт. Дар ин бора сайти сарвари давлат хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, хоҳари Эмомалӣ Раҳмон дар Иди Қурбон 20 июли соли 2021 даргузаштааст.
Ӯ 64 сол дошт. Сабабҳои марги хоҳари сиёсатмадор зикр нашудаанд. Тибқи гузоришҳои тасдиқношуда, он метавонад коронавирус бошад.
Ҳукумати кишвар ба Президенти Тоҷикистон, фарзандон, хешовандон ва дӯстони Раҳмонова дар робита бо маргаш изҳори тасаллият кард.
Ҳамсари Қурбонбӣ Раҳмонова Холмӯъмин Сафаров, раиси собиқи корхонаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" соли 2012 қатл шуда буд.
Ӯро афроди номаълум дар маҳаллаи "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе бо чанд зарби тир ба ҳалокат расониданд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Модарарӯси Эмомалӣ Раҳмон даргузашт
Ёдовар мешавем, қаблан хушдомани Эмомалӣ Раҳмон Ӯзбекбӣ Асадуллоева аввали моҳи ҷорӣ фавтид.
Модари ҳамсари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бар асари коронавирус даргузашт.
Пеш аз маргаш, модари ҳамсари президент чанд рӯз зери нафаскашӣ буд.