ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Тибқи иттилои ҳукумати Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дар аввал ба ноҳияи Тоҷикобод рафта бо ҷараёни бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд.
Вай ҳамчунин дар ин митақа ба аёдати сокиноне рафт, ки наздикону пайвандонашон бар асари заминларза ба ҳалокат расиданд.
Сипас Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Рашт низ сафар кард ва минтақаҳои зарардида боздид кард.
Манбаъ таъкид доштааст, ки сарвазири кишвар дар ин минтақа бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ошно гардид.
Ёдрас мешавем, ки субҳи 10 июл, соати 07:14 ба вақти Душанбе дар шарқи Тоҷикистон, дар ноҳияи Тоҷикобод заминларза рух дод. Чуқурии заминларза 10 км ва магнитудаи он 5,9 балро ташкил дод.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, бар асари заминларза хисороти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд.
Панҷ нафар сокини деҳаи Бӯстони (собиқ деҳаи Кӯли боло) ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, дар деҳаҳои Бӯстон, Сари чашма ва Кӯли калони ноҳияи Тоҷикобод ба манзили истиқоматии сокинон, хати барқу алоқа осеб расидааст. Дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Ярхоби ноҳияи Рашт 7 манзили истиқоматӣ ва деҳаи Шархо ва Сари шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи мазкур 12 манзили истиқоматӣ зарар дидаанд.
Дар ҳоли ҳозир оилаҳои зарардида бо ҷойи зисти муваққатӣ, таъмин гардиданд.