Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Афзоиши маргу гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон

Дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон, боз ду бемори вируси корона ҷон аз даст дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро эълон кард.
Дар Тоҷикистон афзоиши якбораи вируси корона ба қайд гирифта шуд: дар як рӯз 51 ҳолати нав ошкор карда шуд. Аз оғози мавҷи дуввуми коронавирус дар кишвар,тайи ду рӯзи ахир нишондиҳандаҳои болотарини шумораи гирифторон сабт мешавад.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 43 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд", - омадааст дар иттилоияи Вазорат.
Бо илова шудани ду ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди қурбониёни ин дард ба 114 нафар баробар шуд.
Ба ҳамин минвол, ҳоло теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14228 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13 801 бемор комилан сиҳат ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.
Даъвати раиси Суғд барои худдорӣ аз тӯйу сурравӣ
Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони кишвар ваксин гирифтанд ва маъракаи эмгузаронӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.