ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқи тоҷики муқими Покистон аз ҳамкориҳо бо Сафарбеки Солеҳ ва нақшаҳои амалинашудаашон гуфт.
Охундзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз даргузашти ногаҳонии дӯсти азизаш Сафарбеки Солеҳ, як филмбардори барҷастаи синамо ва чеҳраи фарҳангии Тоҷикистон, ки 19 июл ин дунёи фониро тарк кард, сахт ба шоку андӯҳ афтодааст.
Ба гуфтаи Охундзода, Сафарбек Солеҳ аз ӯ дар сохти филми охиринаш дар бораи Нисор Муҳаммад, аввалин комиссари омӯзишу парвариши ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон, ки аз рустое дар қисмати шарқии дараи Пешовар буд, кумак хоста буд.
"Ман барои ӯ таҳқиқ гузаронда будам. Ва қасд доштем сафареро барои гирифтан аксу чанд навор барои филм аз он русто анҷом диҳем. Мутаассифона, бахши бузурге аз кор ба далели COVID 19 қатъ шуд ва ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст. Пушаймонам, ки натавонистам онро такмил кунам", - гуфт Охундзода.
“Нисор” – охирин мустанади Сафарбек Солеҳ буд, ки солҳо ба ин сӯ сараш пажӯҳиш дошт ва рӯ овардани ӯ ба муҳаққиқи тоҷики покистонӣ Ориф Ҳасан Охундзода ҳам беҳуда набуд, зеро Нисор Муҳаммад, қаҳрамони ӯ, зодаи минтақаи Пешовари Покистон буд, ки ба Иттиҳоди Шӯравӣ фирор карда, як муддат вазири маорифи Тоҷикистон ва соли 1937 дар пайи репрессияҳои сталинӣ ба қатл расида буд. Сафарбек Солеҳ ин филмро ба анҷом расонида, моҳи майи соли равон ба намоиш гузошт.
Ориф Ҳасан Охундзода мегӯяд, ӯ як рафиқ ва ҳамкори хеле хубе буд, ки набуданаш ба зудӣ эҳсос хоҳад шуд.
“Ӯ як фарди маҷзубу халлоқ бо зоти сарҳол ва қалби бузург буд. Ва ҳар рӯз дар Фейсбук бо мо дар тамос буд. Ҳамин дирӯз буд, ки баъзе аз постҳои зиёди ӯро мехондам. Аммо зиндагӣ амре муваққатӣ ва ғайриқобили пешбинӣ аст ва рӯзе бояд ҳамаи мо ин мулки фониро тарк кунем”, - гуфт Охундзода.
Вай афзуд, мехоҳад ба хонавода ва дӯстони Сафарбеки Солеҳ изҳори тасаллият кунад.
“Ин ҳадди ақал коре аст, ки метавон анҷом дод. Мо ёди ӯро зинда нигаҳ хоҳем дошт. Ҷоят ҷаннат бод, бародари бузургтари ман!”, - гуфт Охундзода.
Сафарбек Солеҳ соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи бахши забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1980 мебошад. Ӯ инчунин соли 2004 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистонро хатм карда, даҳҳо филми мустанад ва ҳудуди 4 филми ҳунарӣ дорад. “Тақвими интизорӣ”, “Ҳамсояҳои наққош” аз филмҳои ҳунарии ӯ мебошанд.
Ӯ ҳудуди 25 филми мустанад дорад ва аввалин филмаш “Жакон” дар бораи гуруғлихон Ҳикмат Ризо мебошад, ки замони шӯравӣ таҳия шудаасту ҷоизаҳои гуногунро соҳиб гардидааст. Аз филмҳои дигари ӯ - "Соярушан", "Дарё", "Ҳадди охир", "Кобус", "Дар диёри қаҳрамони халқ", "Шоҳнома", "Ҷазираи умед", "Чархофалак", "Гул ба домони диёр", "Ганҷи бодовард", "Ашаглон", "Ба номи Ҳурмуз", "Нисор" ва ғайра мебошанд, ки дар мавриди чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон таҳия шудаанд.