Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Сафир: пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳама гуна таҷовуз аз афғонистонро рафъ мекунад

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки пойгоҳи русии мустақар дар ҷумҳурӣ омодааст бо таҷовузи эҳтимолии террористони афғон мубориза барад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар сурати зарурат таҷовузи террористони афғонро дафъ мекунад, гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Коммерсант".
Ба гуфтаи сафир, пойгоҳи низомии Русия, ки дар ин кишвар мустақар аст, кафили амният ва субот дар марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СПАД мебошад.
"Ман шубҳа надорам, ки дар ҳолати зарурӣ, РВБ 201 ҳар гуна амалҳои таҷовузкоронаи ташкилотҳои террористии Афғонистонро рафъ мекунад", - гуфт Игор Лякин-Фролов.
Дипломат илова кард, ки Русия, ба мисли СПАД, омода аст ба Тоҷикистон дар сурати амалҳои ошкорои таҷовузкорона аз қаламрави Афғонистон кумаки зарурӣ расонад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Маскав ба Душанбе дар таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кумак мекунад
Аммо ӯ ҳамчунин гуфт, ки "дар бораи чунин бархӯрд аз ҷониби СПАД ҳарф задан барвақт аст" ва итминон дод, ки фармондеҳии пойгоҳи Русия кумакҳои худро ба шарикони тоҷик идома хоҳад дод, ҳам дар омода кардани кадрҳои Артиши Тоҷикистон ва кӯмак бо силоҳ.
Вай инчунин ёдовар шуд, ки ҳоло ҷониби Русия дар талошҳо барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон фаъолона ширкат меварзад ва дар ояндаи наздик дар самти Шӯрообод посгоҳи нави сарҳадӣ бунёд карда мешавад.