Путин ба навтарин ҳавопаймои ҷангандаи Русия баҳогузорӣ кард: видео

Ба сарвари давлат як ҷангандаи навро шиносоӣ карданд, ки беназир аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Дар ҷараёни намоиши байналмилалии фазонавардии МАКС-2021 дар Жуковский ба президенти Русия Владимир Путин як ҳавопаймои навро шиносоӣ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти корпоратсияи давлатии "Ростех" хабар додааст.
Пас аз суханронӣ дар маросими ифтитоҳ, президент аз намоишгоҳи ширкати "Сухой" боздид кард.
Ҳавопаймои ҷангандаро, ки Checkmate ("Шикананда" ва ё "Шоҳ ва мот") ном гирифтааст, ба Путин раҳбари ширкати "Ростех" Сергей Чемезов ва мудири кулли Ширкати ҳавопаймосозии муттаҳида Юрий Слюсар шиносоӣ карданд.
Маълум аст, ки ҳавопаймои нав якмоторист. Ҷанговари насли панҷум дар Русия камназир аст. Дар байни хусусиятҳои назарраси ҳавопаймо дастгирии кори лётчик тавассути зеҳни сунъӣ, назаррас набудан ва баландпарвозӣ мебошад.
Слюсар ба сарвари давлат гуфт, ки ЛТС платформаи бисёрфунксионалии насли нав аст, ки бо қобилияти мутобиқшавӣ ба талаботи муштарии мушаххас, хароҷоти пасти амалиётӣ ва қобилияти васеи ҷангӣ фарқ мекунад.