Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Оқибатҳои ногувори COVID-19, ки метавонад то абад инсонро домангир бошад

Вируси корона дар бадани инсон аз 20 то 60 аломат боқӣ мемонад: сустӣ, дарди сар, дарди буғумҳо, бехобӣ, эҳсоси вазнинӣ дар қафаси сина ва нафаскашии вазнин, депрессия ва ғайра.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Бемороне, ки COVID-19-ро паси сар кардаанд, метавонанд муддати дароз нишонаҳои баъди ковидиро эҳсос кунанд, гуфт табиби умумии дараҷаи олӣ Алексей Водовозов дар суҳбат бо URA.RU.

"Бисёр вақт дар бадани одамон ба ном синдроми баъди ковидӣ инкишоф меёбанд. Тақрибан се ҳиссаи одамон, ки гирифтори ин беморӣ шудаанд, аз чор то 12 ҳафта ва дар боқимондаҳо - аз 12 ҳафта то абад идома меёбад", - гуфт духтур.

Ба гуфти ӯ, вируси корона пас аз худ дар бадани инсон аз 20 то 60 аломат боқӣ мемонад: сустӣ, дарди сар, дарди буғумҳо, бехобӣ, эҳсоси вазнинӣ дар қафаси сина ва нафаскашии вазнин, депрессия ва ғайра.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Чӣ мешавад, агар вояи дуюми ваксина алайҳи COVID-19 -ро нагиред
Водовозов таъкид кард, ки сабабҳои пайдоиши синдроми баъди ковидӣ, ҳанӯз муайян карда нашудааст.
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Барои зудтар сиҳат шудан, пизишк афзоиши фаъолияти ҷисмонӣ ва роҳгардиро тавсия медиҳад.