Музокироти пай дар пайи ҳукумати Афғонистон ва "Толибон"* бе натиҷа анҷом меёбанд.
Рӯзи гузашта дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа музокироти миёни намояндагони расмии Афғонистон ва гурӯҳи "Толибон"* баргузор шуд.
Ин музокирот бо нокомӣ анҷом ёфт: ҷонибҳо на дар бораи оташбас ва на озодкунии зиндониҳо ба мувофиқа нарасиданд.
Ягона натиҷаи ин музокирот - идомаи гуфтушунид аст.
Ҳамчунин "Толибон"* ваъда доданд, ки ба муассисаҳои тандурустӣ ҳуҷум намекунанд ва барои эмгузаронӣ халал намерасонанд.
Намояндагони "Толибон"* замони гуфтушунид изҳор доштанд, ки аз шартҳои гузоштаи худ даст кашиданӣ нестанд.
Коршиносон мегӯянд, музокирот аз ин сабаб мушкил мешавад, ки "Толибон"* аксари заминҳои Афғонистонро ғасб кардаву фикр мекунанд, ки ҳақ доранд "зӯргӯӣ" кунанд.
Аксари коршиносони низомӣ бар инанд, ки пас аз баромадани низомиёни НАТО ва ИМА аз хоки Афғонистон, ин кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ хоҳад печид.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Русия, Тоҷикистон ва бархе кишварҳо