Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Хушхабар: Марям Исоеваи 84-сола ба коронавирус пирӯз шуд

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар арафаи Иди Қурбон аз беморхона рухсат шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, актрисаи номии тоҷик Марям Исоеваи 84- сола аз коронавирус шифо ёфтааст. Дар ин бора Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар додааст.
"19 июл собиқадори меҳнат, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, ки бо нишонаҳои бемории короновирус бистарӣ буд, баъди табобат аз беморхона ҷавоб дода шуд", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, ҳунарманди номӣ таҳти назорати табибон ва махсусан профессори кафедраи бемориҳои сироятӣ Раҳмонов Э. Р., сартабиби беморхона Ҳабибзода Х.Х. ва табиби ҷавон Иронов Озар қарор дошт, ки баъди кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди эшон сиҳат гардид.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Марям Исоева
"Ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷикро пас аз кӯшишу заҳмати зиёд бо як рӯҳияи баланд аз тарафи профессор Раҳмонов Э., сартабиби беморхона ва табибону ҳамшираҳо баъди барқарор шудани саломатиаш ба хонааш ҷавоб дода шуд", - афзудааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, пештар бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки гӯё Марям Исоева ба онҳо аз бетаваҷҷӯҳӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тибб дар ин бемористон шикоят кардааст.
"Ман хеле азият мекашам. Ҳамшираҳо сӯзандору гузаронида зуд баромада мераванд, ба ман касе нигоҳ намекунад. Илтиҷо мекунам, ки ба ман парастори алоҳида диҳанд, ки ман мемурам. Дар ин ҷо аз бетаваҷҷуҳӣ маро мекушанд" – гуфтааст Марям Исоева.
Аммо дар ҳамин ҳол, ин иттилои расонаҳоро наздикони ҳунарманд рад карданд ва гуфтанд, "аҳли хонавода ва табибон пайваста дар канори ӯянд".
Марям Исоева, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 84 сол дошта, ҳудуди 20 рӯз дар Бемористони бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшон бо нишонаҳои короновирус бистарӣ буд.