Даъвати раиси Суғд барои худдорӣ аз тӯйу сурравӣ

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо нигаронӣ аз хуруҷи дигарбораи коронавирус аз сокинон даъват намудааст, ки аз рафтан ба ҷойҳои серодам, аз ҷумла тӯйу сур худдорӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik.Зарур аст, ки аз ширкат дар ҳар гуна чорабиниҳо, алалхусус маъракаҳои тӯю сур худдорӣ намоем, изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода дар муроҷиатномаи идонааш ба сокинони вилоят.
Ӯ зарур хонд, ки сокинон гигиенаи шахсиро пурра риоя намудоянду маҳлулҳои безараргардонанда ва ниқоб пӯшанд.
“Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, макони серодам, нуқтаҳои савдо, нақлиёти мусофиркашон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ аз ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ истифода барем”, - таъкид намуд Аҳмадзода.
Раиси Суғд муҳим хонд, ки сокинон ба муҳити атроф аҳмият диҳанду дар ҳама ҳолат масофаи иҷтимоиро риоя намоянд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинон риояи фосилаи иҷтимоӣ, махсусан дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва бозорҳо ба далели зиёд будани одамҳо ғайриимкон мебошад.
Намозхонии сиёсатмадорон: таҷлили Иди Қурбон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон - аксҳо
Ин даъвати Аҳмадзода дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта, як ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд ва 51 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
Теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон аз лаҳзаи хуруҷаш то шоми 19 июл ба 14 ҳазору 177 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13 758 бемор комилан сиҳат ёфтаанд. Теъдоди умумии фавтидагон аз ин беморӣ расман ба 112 нафар баробар шуд.