Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Кадом аломатҳо пас аз эмкунӣ алайҳи коронавирус, хатарноканд?

Агар пас аз эмкунӣ алайҳи коронавирус, баъзе нишонаҳо пайдо шаванд, фавран бояд ба духтур муроҷиат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Яке аз аломатҳои хатарнок пас аз эмкунӣ алайҳи коронавирус, ҳарорати аз 40 дараҷа боло мебошад.
Дар ин бора Олга Ткачёва, сардухтури гериатри Вазорати тандурустии Русия дар мусоҳиба бо URA.RU гуфт.
Агар таби баланд беш аз ду рӯз идома ёбад, фавран ба духтур муроҷиат кардан лозим аст, мегӯяд мутахассис.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Оқибатҳои ногувори COVID-19, ки метавонад то абад инсонро домангир бошад
Ба гуфти вай, чунин падида нишонаи гирифторӣ ба сирояти коронавирус аст, ки ё қабл аз эмгузаронӣ ва ё пас аз он, замоне, ки масуният ҳанӯз ташаккул наёфтааст, рух додааст.
Ҳамчунин агар пас аз эмгузаронӣ нафаскашии шумо вазнин шавад ва ё тапиши дилатон зиёд гардад, бояд ба ёрии тиббӣ муроҷиат кунед.
Ткачёва гуфт, ки нороҳатӣ дар ҷои тазриқ метавонад аз илтиҳоб дарак диҳад.
Қаблан низ табибони рус сабаби дарди шадиди дастро ҳангоми гузаронидани ваксинаи коронавирус шарҳ дода буданд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Чӣ мешавад, агар вояи дуюми ваксина алайҳи COVID-19 -ро нагиред
Нороҳатӣ дар ҷои тазриқро аксари эмшудаҳо тасдиқ мекунанд. Ба гуфти табибон, аксуламали пӯст ва мушакҳо аз ҳисоби ҷамъшавии дору дар ҷои тазриқ ба амал меояд.
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Барои паҳн шудани ваксина дар тамоми бадан вақт лозим аст.
Ғайр аз ин, ҳангоми гузаронидани сӯзандору, табиб метавонад нӯги асабҳоро халалдор кунад. Дар чунин маврид низ эҳсосоти дарднок ба вуҷуд меояд.