ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Муфтиёти Русия барои мусалмонҳое, ки аз гирифтани ваксин саркашӣ мекунанд, фатво додааст, менависад РИА Новости.
"Бидуни асос рад кардани ваксин ва паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ дар бораи таркиб ва оқибатҳои ваксинзанӣ қобили қабул нест.
Ҳоло, ки дар давлати мо ваксинзании ройгон роиҷ аст, аз ҳамаи мусалмонон даъват мешавад, ки худ ва наздиконашро дар мувофиқа бо табибон ҳатман ваксин кунад", - омадааст дар матни фатво.
Инчунин, дар матн дар бораи эҳтиёткорӣ ҳангоми таҷлили Иди Қурбон, риояи фосилаи иҷтимоӣ дар масҷидҳо ҳангоми адои намози ид гуфта мешавад.
Илова бар ин аз рӯҳониёну кормандони шӯъбаҳо ва бахшҳои сохторӣ даъват гардидааст, ки дар минтақаҳо миёни мусалмонон мундариҷаи фатвои бароварда фаҳмонида шавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Идораи динии мусалмонони Русия аз таҳиягарони ваксин дархост намуданд, ки таркиби ин доруро ба онҳо рушан кунанд.
Дар натиҷа, пас аз шинос шудан бо таркиби дору, ин ниҳод эълон кард, ваксин барои мусалмонон ҳам равост.