ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, куштор аз ҷониби марди 29-солаи сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстӣ сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштори зану шавҳар дар Дӯстӣ рӯзи гузашта, тахминан соати 09:00 сар задааст.
Манбаъ мегӯяд, шавҳар ба манзили истиқоматии апаи ҳамсараш зани 32-солаи сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур рафта, ҳамсараш зани 27-солаи сокини ҳамонҷоро аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагӣ 10-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш задааст.
Гуфта мешавад, мард баъдан худашро низ 4-маротиба бо корди дар дасташ буда, задааст.
"Дар натиҷа ҷабрдида ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия бурдан дар роҳ ба ҳалокат расида, худи гумонбаршаванда дар шӯъбаи эҳёгари ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ ба ҳалокат расидааст", - афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.