Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Охирин паёми Сафарбек Солеҳ аз беморхона: ҷаноза дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад - акс

Сафарбек Солеҳ, коргардони шинохтаи Тоҷикистон, ки қаблан аз бистарӣ шуданаш бо бемории корона хабар дода шуд, даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Сафарбек Солеҳ, коргардони машҳури Тоҷикистон, зуҳри 19-уми июл дар синни 62-солагӣ дунёро падрӯд гуфт. Ӯ қаблан бо бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда буд.
Дар мавриди даргузашти коргардони машҳур, наздиконаш дар саҳифаи фейсбукӣ хабар дода, афзуданд, ки маросими ҷаноза дар маҳаллаи мавсум ба "Нефтяник" дар канори шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат баргузор мешавад.
Сафарбек Солеҳ, коргардони тоҷик
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Сафарбек Солеҳ бо бемории корона дар беморхона дар шаҳри Душанбе зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад.
Охирин паёмро коргардони маъруф дар саҳифаи фейсбукияш 6 -уми июл аз бистари беморӣ нашр карда, ба эҳтиёткорӣ даъват намудааст. Ӯ ба табибону наздикон ташаккур гуфтааст, ки ба шарофати онҳо ҳанӯз нафас мекашад. Баъдан хабар дода шуд, ки вазъи Сафарбек Солеҳ бадтар шуда, ҳудуди як ҳафта қабл ӯ аз гап задан мондаст.
Сафарбек Солеҳ соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи бахши забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1980 мебошад. Ӯ инчунин соли 2004 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистонро хатм карда, даҳҳо филми мустанад ва ҳудуди 4 филми ҳунарӣ дорад. “Тақвими интизорӣ”, “Ҳамсояҳои наққош” аз филмҳои ҳунарии ӯ мебошанд.
Ӯ ҳудуди 25 филми мустанад дорад ва аввалин филмаш “Жакон” дар бораи гуруғлихон Ҳикмат Ризо мебошад, ки замони шӯравӣ таҳия шудаасту ҷоизаҳои гуногунро соҳиб гардидааст.
Аз филмҳои дигари ӯ - "Соярушан", "Дарё", "Ҳадди охир", "Кобус", "Дар диёри қаҳрамони халқ", "Шоҳнома", "Ҷазираи умед", "Чархофалак", "Гул ба домони диёр", "Ганҷи бодовард", "Ашаглон", "Ба номи Ҳурмуз", "Нусур" ва ғайра мебошанд, ки дар мавриди чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон таҳия шудаанд.