ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Вазъияти коронавирус дар Тоҷикистон бадтар мешавад. Вазорат аз даҳҳо ҳолатҳои нави гирифторӣ ба вируси корона ва ҳолати нави марг аз ин уфунат хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, як ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд ва 51 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 41 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоияи сомонаи covid.tj.
Зимнан, бо илова шудани як ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди қурбониёни ин дард ба 112 нафар баробар шуд.
Ба ҳамин минвол, ҳоло теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14177 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13 758 бемор комилан сиҳат ёфтаанд.
Дар арафаи ид Шӯрои уламои кишвар зарурати риояи чораҳои бехатариро ҳангоми адои намоз риоя кунанад.
Ин ниҳод аз намозгузорон даъват кард, ки бояд ниқоб пӯшанд ва дурии иҷтимоиро нигоҳ доранд.
Талабот махсусан ба пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин дахл дорад.