ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Хабарнигори "Российская газета" ба беморхонаи сироятии Иркутск рафт, то нишон диҳад, ки коронавирус шӯхӣ нест ва оқибатҳои он чигуна метавонад бошад.
Дар назди "минтақаи сурх" журналистонро сардухтур Владимир Хабудаев, мудири шӯъба, Любов Костюнина ва духтур Амир ва ҳамшира Азиза пешвоз гирифтанд.
Дар аввал хабарнигорон Азизаро волонтёр фикр карданд, аммо маълум шудааст, ки зодаи Тоҷикистон кайҳост, ки шаҳрвандии Русияро дорад ва то "замонҳои ковидӣ" вай ҳамчун ҳамшираи шӯъбаи кӯдакон кор мекардааст.
Сардори шӯъба зани тоҷикро барои сабукии дасташ ситоиш кард ва гуфт, ки ҳамшира "дар кӯшиши аввал раги беморонро меёбад ва чунон сӯзандору мегузорад, ки бемор нафаҳмида мемонад."
Рӯзноманигорон низ дасти сабуки ҳамшираро дар худ эҳсос карданд: вай бо як ҳаракат ба мухбир кулоҳ пӯшонид, ниқобашро дуруст кард ва тасмаи эластикии айнакашро сахт кард. Ҳангоме ки суратгир кӯшиши ба навор гирифтани ин равандро дошт, ӯро низ муҷаҳҳаз намуд.
Рӯзноманигорон тавонистанд бо ҳамшираи тоҷик мухтасар сӯҳбат кунанд ва пурсанд, ки наздиконаш ба кори ӯ чӣ гуна муносибат доранд.
"Бародаронам хитоб карданд, ки:" Зудтар аз он ҷо гурез! "Аммо падарам, ки дар Тоҷикистон аст - занг заду гуфт:" Агар гурезӣ, коргурез ҳисоб мешавӣ! "Ва ман мондам. Бе ин ҳам мемондам "- нақл кард Азиза.
Пас аз ба охир расидани экскурсияи дилгиркунанда, Азиза ба меҳмонони беморхона бо меҳмоннавозии шарқӣ чой пешниҳод кард. Аммо пас аз боздид аз "минтақаи сурх" ва муошират бо беморони вазнин, журналистон дигар табъи чойнӯшӣ надоштанд.
Гузориши пурраро дар бораи он ки дар "минтақаҳои сурх" пизишкон чӣ гуна кор мекунанд ва беморони COVID-19 дар кадом ҳолат қарор доранд, метавон аз сомонаи "Российская Газета" пайдо кард.