Рӯзи оғози 22-юмин Бозиҳои олимпӣ дар Маскав: 19 июл дар таърих

Рӯзи 19 июли соли 1980 оғози 22-юмин бозиҳои олимпӣ дар Маскав мебошад. Тоҷикистони Шӯравиро дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ду варзишкор - Юрий Лобанов ва Анатолий Старостин муаррифӣ карданд
Sputnik

Рӯзи 19 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1919 дар Лондон паради ҳарбӣ 21 соат идома ёфт.
Соли 1920 таъсиси Комиссияи фавқулодда барои Бартарафсозии бесаводӣ дар Русия.
Соли 1924 аввалин шумораи рӯзномаи "Красный спорт" нашр гардид.
Соли 1928 Ҷумҳурии Чин ҳамаи шартномаҳои "ноадолатона"-ро бо давлатҳои Аврупо бекор карда буд.
Соли 1949 Лаос дар ин рӯз истиқлолият ба даст овард.
Зодрӯзи Ҳоҷӣ Мурод ва Ангела Меркел: 17 июл дар таърих
Соли 1952 Пезиденти Финляндия Юхо Паасикавӣ ба Бозиҳои XV тобистонаи олимпӣ расман оғоз бахшид.
Соли 1980 оғози 22-юмин бозиҳои олимпӣ дар Маскав. Онро кишварҳои Ғарб бойкот кардаанд.
Соли 2003 нахустин амалиёти пайвандсозии забон дар ҷаҳон бомуваффақият анҷом ёфт.

Рӯзи 19 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 дар шаҳри Душанбе Маркази технологияи иттилоотӣ ифтитоҳ ёфт.
Соли 2010 дар шаҳри Монктони Канада Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук байни ҷавонон оғоз гардида буд, ки Тоҷикистонро дар он Галина Митяева намояндагӣ кард.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсев мулоқот намуд.
Зодрӯзи Залмон Муллоқандов: рӯзи 16 июл дар таърих
Соли 2016 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нави Қазоқистон, Ҳиндустон, Япония, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Полша, Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Чили ва Австралия эътимоднома қабул намуд.
Соли 2018 муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии Форуми сиёсии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор (HLPF 2018), ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 19 июл

Дар Русия -Рӯзи кормандони ҳуқуқи Вазорати корҳои дохилӣ.

Рӯзи 19 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Саъдулло Азизбоев (1932 – 1996) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Гадозода Айниддин (1946)- шоир, публисист.
Александр Гейвандов (1953) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Анатолий Заусаев (1940) – доктори илмҳои физикаю математика.
Мавҷудахон Исоева (1942) – доктори илми тиб, профессор.
Сайфиддин Раҳимов (1937) – доктори илми таърих, профессор.
Абдумалик Раҳмонов (1949)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Улмаси Хол (1954)- шоир, нависанда, драматург.
Амон Холиқназаров (1942) – арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Соли 1980 оғози 22-юмин бозиҳои олимпӣ дар Маскав. Номбардорони Тоҷикистони Шӯравӣ дар Олимпиада

Тоҷикистони Шӯравиро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав ҳамагӣ ду варзишкор намояндагӣ карданд, вале бо қаҳрамонии худ ин кишварро ба тамоми дунё муаррифӣ карданд.
Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав аз 19 июл то 3 август баргузор шуд. Ин нахустин олимпида дар қаламрави Урупои Шарқӣ буд.
Макони асосии баргузории мусобиқаҳо шаҳри Маскав буд. Вале бархе аз рақобатҳо дар Таллин, Киев, Ленинград ва Минск низ гузаронида шуданд.
Ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 - 5179 варзишкор аз 80 давлати ҷаҳон омада буданд.
Мунтахаби Иттиҳоди Шӯравиро дар Олимпиадаи соли 80-ум 514 варзишкор намояндагӣ мекарданд. Тоҷикистони Шӯравиро дар Олимпиада ду варзишкор — Юрий Лобанов ва Анатолий Старостин муаррифӣ карданд.
Гарчанде аз Тоҷикистон танҳо ду варзишкор дар олимпиада ширкат карда бошанд ҳам, онҳо тавонистанд, бо қаҳрамонии худ Тоҷикистонро ба тамоми дунё муаррифӣ кунанд.
Дорандаҳои медалҳои тиллоии Олимпиадаи солҳои 80 аз Тоҷикистони Шӯравӣ ва ғайр - акс
Ҳамин тавр, Юрий Лобанов нахустин қаҳрамони олимпии Тоҷикистон шуд.
Ҷаҳониён ин варзишкорро то ин дам аллакай мешинохтанд. Вай дар Бозиҳои олимпии тобистонии соли 1972 дар Олмон ҳамроҳ бо Владас Чеснюкас дар мусобиқоти қоиқронии дукаса бо каное дар 1000 метр медоли тилло ба даст оварда буд. Вай аз Бозиҳои олимпики соли 1980 дар Маскав дар ҳамин варзиш ҳамроҳ бо Василий Юрченко медоли биринҷӣ овард.
Юрий Лобанов дар мусобиқоти қоиқронии дукаса бо каноэ 10 бор қаҳрамони ҷаҳон — 1973 (10 000 м), 1974 (500 м, 1 000 м ва 10 000 м), 1975 (500 м ва 10 000 м), 1977 (1 000 м ва 10 000 м), 1979 (1 000 м ва 10 000 м), ду бор — 1971 (500 м) ва 1973 (1 000 м) — барандаи медоли нуқра ва се бор — 1977 (500 м) ва 1978 (1 000 м) — барандаи медоли биринҷӣ шудааст.
Вай дар солҳои 1972 — 1977 борҳо қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дар мусобиқоти гуногун шуда буд. Давлати Шуравӣ ӯро барои дастовардҳояш дар риштаи варзиш бо "Нишони Ифтихор" ва нишони "Барои густариши варзишу тарбияи баданӣ" қадрдонӣ карда буд.
Анатолий Старостин бошад қаҳрамони олимпиада ва варзишкори машҳуртарин дар Олимпиадаи соли 1980 шуд. Варзишкор дар овони ҷавонӣ дар 20-солагӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт ва ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, ҳамаро бо ҳунари худ дар ҳайрат гузошт.
Дар сабқати шахсӯ аз рӯи панҷҳарбаи муосир аз 200 балли умумӣ ӯ соҳиби 199 хол шуд. Ин нишондод натанҳо ба варзишкор медали тилло оварда, балки номи ӯро дар китоби рекордҳои Гиннес чун ҷавонтарин қазрамони олимпӣ дар риштаи панҷҳарбаи муосир сабт кард.
Холисона, идона ва рекордӣ: Олимпиадаи солҳои 80 - ум дар Маскав - нодиртарин аксҳо
Дуюмин медали тиллоро варзишкор дар ҳайати гурӯҳӣ ба даст овард.
Олимпиадаи Маскав барои Староостин нахустин вале охирон набуд. Варзишкор ҳамчунин дар олимпиадаи соли 1992 дар Барселона ширкат карда, соҳиби медали нуқра гардид.
Яке аз қаҳрамонии такрорнашавандаи варзишкор ҳамчунин рақобати ӯ дар риштаи панҷҳарбаи муосир дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1986 дар Италия мебошад. Дар ин сабқат варзишкор беҳтарин баромадро нишон дода соҳиби медали тилло гардид.
Дар умум Старостин дар давраи фаъолияти варзишии худ соҳиби 17 нишон шудааст, ки аксари онҳо тилло мебошанд.
Зодагони Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 аз номи дигар ҷумҳуриҳо баромад карда буданд.
Масалан Валерий Мовчан дар ин олимпиада дар ришаи велосипедронӣ ба масофаи 4 ҳазор метр, медали тилло ба даст овард. Ӯ зодаи вилости Ленинобод мебошад. Ӯ дар ин бозиҳо Украинаи Шӯравиро муаррифӣ кард.
Нелли Ким аз вилояти Суғд, деҳаи Шӯроб, ки аз номи Белоруссия баромад кард, дар ҳайати гурӯҳӣ соҳиби медали тилло шуд.
Ҳамчунин зодаи шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) аз номи ИҶШС баромад карда соҳиби медил тилло гардид.